мақбул — [مقبول] а 1. қабулшуда, пазируфта 2. писандида, маъқул; мақбули омма писандида дар назди ҳама, мавриди писанди ҳамагон (сифати одам); мақбул афтодан (шудан) мавриди қабул қарор гирифтан, маъқул шудан, писандида шудан, хуш омадан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маъқул — [معقول] а 1. он чи ба воситаи ақл дарк шудааст; аз рӯи ақл, оқилона 2. писандидаи ақл; писандида; мақбул, хушоянд; хуб, нек; гапи маъқул сухани оқилона; гапи дуруст; маслиҳати маъқул маслиҳати дуруст; фикру мулоҳизаи қобили қабул: маъқул афтодан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
афтодан — (афтидан) [افتادن // افتيدن] 1. аз боло ба поин бо зарб омадан, ғалтидан; суқут кардан 2. аз по даромадан, хобидан (ба сабаби беморӣ, мондагӣ ва ғ.) 3. поин шудан, овезон гаштан, кашол шудан 4. рехтан, боридан 5. ҳамчун ҷузъи таркибии феълҳои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нағз — [نغز] 1. хуб, некӯ, писандида 2. бо сифати хуб, бомуваффақият: амалиёт нағз гузашт 3. ба хубӣ, хеле хуб, ба ваҷҳи аҳсан; нағзаш беҳтараш, беҳтар он аст, ки…: нағзаш ҳамин ки…; нағз дидан а) ба хубӣ дидан, бо диққат аз назар гузарондан: ҳар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ахлоқ — [اخلاق] а. ҷ. хулқ 1. қоидаҳои рафтору одоб, хислатҳои рӯҳиву маънавӣ ва фарҳангии пазируфта миёни мардум ва риояи онҳо аз тарафи ҳар як фарди ҷамъият; ахлоқи нек хулқу одоби писандида; ахлоқу одоб рафтор, тарзу равиш, хулқу атвор 2. хислат,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баргузида — [برگزيده] сифати феълии замони гузашта аз баргузидан; сара, мақбул, писандида; интихобшуда, мунтахаб: ашъори баргузида … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беҳ — I [به] 1. хуб, нағз, некӯ, писандида 2. сиҳат, тандуруст; беҳ шудан а) хуб шудан, нек шудан; б) шифо ёфтан, сиҳат ёфтан, саломат шудан 3. ниг. беҳтар II [به] кит., ниг. биҳӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бореъ — [بارع] а. кит. некӯ, писандида, фоиқ; дар фазилат ё ҷамол бартарӣ дошта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
босалиқа — [باسليقه] 1. соҳибзавқ, хушсалиқа 2. ба тарзи писандида, хушоянд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилписанд — [دل پسند] писандида, хушоянд, мақбул, дилхоҳ; хубу зебо: боғи дилписанд, диёри дилписанд, манзараи дилписанд, суруди дилписанд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ